Лоиҳаи нави ФАО: Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ

Май 28, 2016 10:56

Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба амалӣ намудани лоиҳаи нав «Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ», ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва   навсозии  низоми  обёрии Тоҷикистон равона шудааст, оғоз мекунад.
Баҳрабарандагони бевоситаи лоиҳаи мазкур, ки  маблағаш  468 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар зарфи ду сол амалӣ мегардад, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои ассотсиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар низоми обёрии канали Говкуши  ноҳияи Ваҳдат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ноҳияи Файзобод ба ҳисоб мераванд.
«Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи истифодарандагони  об дар идораи захираҳои обӣ ва аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини ФАО дар баланд бардоштани даромаднокии   кишоварзии обёришаванда мусоидат менамояд», — мегӯяд Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Виорел Гутсу.
Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур як қатор тадбирҳо оид ба коркарди сиёсат ва усули ҷорӣ намудани технологияҳои  инноватсионии ФАО дар масъалаҳои навкунии низомҳои обёрӣ ташкил карда мешаванд.
Барои деҳқонон тренингҳо барои тренерон (ТОТ) дар мавзӯи идораи захираҳои обӣ ташкил карда мешаванд. Барои гидротехникони ассотсиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об омӯзишҳо оид ба истифода ва  хизмати  низомҳои обёрӣ гузаронида мешаванд. Барои боз ҳам босамар ҷорӣ гаштани лоиҳа, ФАО таҷҳизоти дахлдор, аз  ҷумла, 2 экскаватор, харитаи дастии GPS ва асбоби GPS, ҳамчунин воситаҳои махсуси кишоварзӣ, асбобҳои дастӣ ва таҷҳизоти компютериро харидорӣ менамояд.
Барои хизматрасонии машваратӣ ба истифодабарандагони об ФАО ба ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кооперативҳое, ки дар самти мазкур фаъолият меварзанд,  сайъ мекунад.
Ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ дар таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ даъват карда мешаванд.
ФАО бо Федератсияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои донишпаҳнкунанда, ташкилотҳои ғайридавлатии дахлдор ҳамкорӣ мекунад ва коршиносони беҳтарини маҳаллиро ҷалб менамояд.

Май 28, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад