Маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ФДДМ дар шаҳри Душанбе

Май 6, 2016 17:17

Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангӣ бахшида ба 71- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он собиқадорони меҳнат ва иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Дар маҳфил оркестри дивизияи ҳарбии 201-уми Русия дар якҷоягӣ бо ханандагони мактаби миёна ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ намуда, бо шеъру суруд доир ба Рӯзи Ғалаба ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Сайъло Мирзоев, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гул ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.

Май 6, 2016 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид