Маҳфили идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Мастчоҳ
Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони рақами 1-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маҳфили идона доир гардид.
Маҳфил бо ҷалби беш аз 500 нафар кӯдакону наврасон доир гардида, дар он хонандагони макотиби ноҳия маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд. Дар маҳфили идона роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин иштирок намуда, кӯдаконро табрик гуфтанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ 10 кӯдакистон ва 45 мактаб фаъолият карда, барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






