Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

Май 27, 2016 19:29

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Баъди шунидани ҳисоботи солона ва ҳисоботи баҳисобгирии муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015, хулосаи аудитори ҷамъият ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон тариқи овоздиҳӣ ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, доир ба интихоби аъзои Шӯрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, комиссияи баҳисобгирии ҶСК «НБО Роғун» ва дар хусуси зиёд намудани сармояи оиномавии ҷамъияти саҳомӣ тариқи варақаҳо овоздиҳӣ гузаронида шуд.

Май 27, 2016 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад