Мақомоти Тунис гурӯҳи хурди террористиеро дар шимоли ин кишвар безарар карданд
Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Тунис 11 аъзои як гурӯҳи хурди террористиеро дар музофоти Ал-Кафи шимоли ин кишвар безарар гардониданд. Дар ин бора рӯзи душанбе ВКД-и Тунис хабар дод.
Бино ба иттилои сомонаи иттилотии «Tunisie Numerique», ин гурӯҳи террористӣ ба таъмини молию техникии гурӯҳҳои террористие, ки дар кӯҳҳои Уэрг қарор доштанд, машғул будааст.
Онҳо террористонро бо доруворӣ, пойафзоли низомӣ ва телефонҳои мобилӣ таъмин мекардаанд. Аъзои гурӯҳ нақша доштаанд, ки ба шуъбаи бонкӣ ва зиндонҳои Ал-Кафро ҳамла кунанд.
Номи ин гурӯҳи террористӣ дар иттилоия оварда нашудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






