Мақсади «Дастони моҳир» эҳёи ҳунарҳои миллист

Май 21, 2016 10:16

Хоруғ, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ВМКБ даври сеюми озмуни «Дастони моҳир» баргузор гардид, ки дар он наздики 50 нафар ҳунармандони наврас  ширкат варзиданд. Директори маркази мазкур Шоҳзода Саидиброҳимов баён дошт, ки озмуни имсола ба ду ҷашни муҳим- Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида мешавад. Эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дигар расму анъанаҳои мардуми тоҷик маҳз ба  ин ду ҷашни бузург робитаи қавӣ доранд.

Хонандагон аз рӯи намудҳои ҳунарҳои миллӣ, амсоли бофандагию кашидадӯзӣ ва мӯҳрабофӣ байни худ рақобат карданд.

Фотимаи Фурқат, як тан аз ширкаткунандагони ин озмун аз ноҳияи Дарвоз гуфт, ки бофандагиро аз овони кӯдакӣ аз модарам омӯхтам ва баъдтар узви  маркази эҷодии кӯдакону наврасон шудам. Дар ин ҷо ба мо мутахассисони касбӣ нозукиҳои ин шуғли аҷдодиро меомӯзанд. Ман бори сеюм аст, ки дар чунин озмун ширкат меварзаму дар озмунҳои қаблӣ мақоми дуюмро ишғол намудам ва умедворам имсол ҷои аввалро аз они худ кунам.

Ғолибони ин даври озмун бо мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд ва ба даври чаҳорум, ки дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

 

Май 21, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд