Маросими савгандёдкунии наваскарон
Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизони Душанбе маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Дар маросими идона роҳбарият, намояндагони комиссариати ҳарбӣ, волидони сарбозон, мактаббачагон ва меҳмонон иштирок карданд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки ин ҷавонон дар даврони Истиқлолияти кишвар хизмати аскариро анҷом медиҳанд ва ҳама шароити зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон омода гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати харидории техникаву таҷҳизоти зарурии соҳа барои сохторҳои таркибии Кумита диққати махсус зоҳир намуда, имрўзҳо ҳамаи сохторҳои таркибӣ бо техникаҳои махсус таъмин гардидаанд.
Инчунин дар ин қисми низомӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ошхонаву хобгоҳи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.













Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






