Машқҳои амалию тактикии ХДО дар ДОМ
Хоруғ, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ машқи муштараки тактикӣ роҳандозӣ намуданд. Дар ин машқ се мошини сӯхторнишонӣ, наздики 40 нафар ҳайати шахсӣ ва бештар аз 300 нафар бинокорони ин донишгоҳ ширкат варзиданд.
Сардори Раёсати мазкур Анвар Шолангаров гуфт, ки қарор аст соли оянда ин донишгоҳ нахустин донишҷӯёни ватанию хориҷиро ба таҳсил фаро гирад ва аз ин рӯ мо низ зарур донистем, ки қаблан вазъи бехатарӣ аз сӯхторро дар ин иншоот мавриди санҷиш қарор диҳем. Машқи амалӣ нишон дод, ки дар сохтмони мазкур ҳам коргарон ва техникаю воситаҳои дигари сӯхторнишонӣ ба ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ ва ғайриинтизор омода мебошанд, зеро ҳар як идораву муассиса бояд то расидани гурӯҳҳои оташнишонӣ мутобиқ ба имконоту тавони худ дар наҷоти одамону ҷилавгирӣ аз паҳншавии сӯхтор талош намоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






