Масрурро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масрур Давлатови 20 сола, рўзи 24 май дар дарёи Сир ҳангоми оббозӣ ба ҳолати ғарқшавӣ дучор шуд.
Баъди гирифтани хабари фаврӣ, наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд, ки дар наздикии ин мавзеъ гурўҳи навбатдорӣ ташкил намудаанд, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гаштанд. Ғаввосони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд бо истифода аз лавозимоти соҳавӣ зери об даромада, бо кӯшишу заҳматҳои зиёд, аз ҳолати ғарқшавӣ истиқоматкунандаи деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Масрур Давлатовро наҷот медиҳанд.
Наҷотдиҳанда Динис Волнишков, ки яке аз ғаввосони фаъоли Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд мебошад, Масрурро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Ба иттилои сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд полковник Баҳром Додов, ҳамасола дар ин мавзеъ даҳҳо нафар ба ҳолати ғарқшавӣ дучор мегарданд ва маҳз аз ин лиҳоз ташкили гурўҳӣ навбатдорӣ дар мавзеъ пеши роҳи ҳодисаҳои нохуши ғарқшавиро мегирад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






