Мавқеи ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба раъйпурсӣ
Хуҷанд, 02.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар асоси нақшаи кории гурӯҳи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ташвиқу тарғиби тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки дар назди ситоди вилоятии ҲХДТ барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он роҳбарон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо, иштирокчиёни барқароркунии садамаи Чернобил, Иттиҳодияи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони телевизиони маҳалии «СМ-1» ва «Танин», намояндаи нашрияи ҳизбии вилоят «Сухани халқ», ТҶҶ «Созандагони Ватан», Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, иттифоқи рассомони вилоят, раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, собиқадорони ҳизб, намояндагони Шӯрои занони вилоят ширкат намуданд.
Дар ҷаласа оид ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баргузории чорабиниҳои маданӣ, фарҳангӣ ва сиёсии соли 2016 ҷиҳати баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки шаҳрвандон дар раъйпурсӣ чун ҳуқуқи конститутсионии онҳо маълумот дода шуда, ба иштирокдорон моҳият ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






