Мавзуна Чориева чемпиони Осиё гардид!
Душанбе, 10.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 9 май дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба муштзанӣ байни донишҷӯён баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ донишҷӯёни 11 давлати дунё қувваозмоӣ намуданд. Тоҷикистонро Мавзуна Чориева муаррифӣ намуда, ба рақибони худ дастболо гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа М. Чориева бо маҳорати баланди варзишӣ ду рақиби худро, яке аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 15 сония ва дигарӣ аз Ҷумҳурии Муғулистон дар се раунд мағлуб намуд.
Ҳамин тариқ, дар ин мусобиқа Мавзуна Чориева соҳиби ҷойи якум ва унвони чемпиони Осиё гардид.
Мавриди зикр аст, ки Мавзуна ҳоло шунавандаи курси сеюми шуъбаи ғоибонаи факултаи №3-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил менамояд. Ӯ пайваста барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва донишу маърифати худ талош варзида, бо дастовардҳои нав ба нави варзишӣ Парчами Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






