ММТ: Ба диққати довталабоне, ки рамзи кабинети инфиродиашонро фаромӯш кардаанд
Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба диққати довталабоне, ки рамзи кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бинобар хато будани рамз ба он ворид шуда наметавонанд, мерасонад, ки агар довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишонии почтаи электронии худро қайд намуда бошад, он дар маълумоти бақайдгириаш ворид карда мешавад.
Агар довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишонии почтаи электронии худро нишон надода бошад, зарур аст, ки довталаб барои барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии худ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намояд. Яке аз роҳҳои осон барои пешниҳоди ариза ба Марказ дар ин хусус истифодаи почтаи электронӣ аст.
Довталаб барои барқарор кардани рамзи кабинети инфиродиаш бояд аз нишонии почтаи электронии худ ба нишонии почтаи электронии Марказ — office@ntc.tj ё info@ntc.tj ариза пешниҳод намояд. Хотиррасон менамоем, ки матни ариза дар майдони матни мактуби электронӣ навишта мешавад ва пайваст (прикрепить) кардани файли алоҳида зарур нест.
Аз ММТ ба довталабон тавсия доданд, ки дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб»-ро, ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, барои огоҳӣ аз мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи сомонаи Марказ ва кабинети инфиродӣ мутолиа намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






