ММТ: Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 кори хаттӣ ҷорӣ мешавад

Май 25, 2016 14:55

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони маҳаллӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсади чорабинӣ иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 31-уми август то 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷиҳати ворид намудани кори хаттӣ (эссе — иншои мухтасар) аз фанни забони тоҷикӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 мебошад.
Дар семинар, ки бо дастгирии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон баргузор шуд, мушовирони байналмилалии ширкати Anglia Assessment Ltd — Алгирдас Забулионис ва Ҷорҷ Бетелл иштирок намуданд.
Барои ҷорӣ намудани кори хаттӣ (иншои мухтасар) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 зарур дониста шуд, ки гурӯҳи корӣ фаъолияташро ҳаматарафа ба роҳ монда, ҷиҳати омода намудани омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дастурҳои методӣ таҳия намояд.

Май 25, 2016 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд