Мо барои васл кардан омадем!
Хоруғ, 02.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар ВМКБ намоиш ва фурӯши ҳунарҳои дастӣ, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он наздики 15 ҳазор сокини шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.
Дар гӯшаи дигари ин боғ намоиши адабӣ-мусиқии «Арӯси хуҷандиву зарафшонӣ» доир гардид, ки мухлисон бо шодмонию хушҳолӣ ва кафкӯбиҳои бардавом аз он истиқбол гирифтанд. Яке аз иштирокдорони ин базми дӯстӣ, шоири маъруфи тоҷик Нурмуҳаммад Ниёзӣ гуфт, ки: «Аксарияти ҳамсафарони мо бори аввал аз Бадахшон дидан мекунанд ва се рӯз боз табассум аз лаб ва шодӣ аз дил канда намешавад. Ҳамин аст ваҳдати ҳақиқию самимӣ-вақте ду бародар ё хоҳар дар бари ҳам мешинанду бо ҳарфҳои пур аз меҳру садоқат бо ҳам суҳбат мекунанд. Як чизи ҷолиби дигари ин маҳфили дӯстӣ он аст, ки мо дар на меҳмонхона, балки дар хонаи бародарону хоҳарони бадахшонии худ зиндагӣ дорем. Ба қавле бо шарофати ин сафар соҳиби хона ҳам шудем. Баъд аз ин вақти сафар ба Бадахшон диламон пур аст, ки дар шаҳри Хоруғ манзил дорем. Сари дастархон нишаста мисли ду хеши наздик аз ҳолу рӯзгори ҳам пурсон мешудем. Ногуфта намонад, ки мардуми Бадахшон лутфу танзу шӯхиро дӯст медоранд, ки ин хислат ҳангоми муошират тамоми монеаҳоро аз байн мебарад».
Раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси ВМКБ аз ҳоли чанд нафар аз ходимони давлат хабар гирифтанд ва аз номи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Рӯзи 1 май меҳмонони суғдиро сокинони шаҳри Хоруғ аз майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ба пойтахти кишвар гусел карданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






