Муҳаммад Ашраф Ғанӣ: «Қалби ҳар як афғон барои суботу оромии Тоҷикистон ва қалби ҳар тоҷик барои суботи Афғонистон метапад»
Душанбе, 10.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман худро дар Тоҷикистон бегона ҳис намекунам, фикр мекунам, ки дар ҳавзаи фарҳангии бузурги Осиёи Марказӣ қарор дорам»,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикитон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистону Афғонистон ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя буда, таърих, забон, дин ва фарҳанги муштарак доранд. Анъанаи ҳамкории ин ду кишвар аз умқи қарнҳо маншаъ мегирад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар давоми 25 соли охир сабту сифати комилан нав касб кардаанд, ки ин аз баракати истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.
Президенти Афғонистон аз он хушҳолӣ намуд, ки ӯ ба тарҷумон ниёз надорад ва метавонад паёмашро мустақим ба ҷавонон расонад.
«Қалби ҳар як афғон барои суботу оромии Тоҷикистон ва қалби ҳар тоҷик барои суботи Афғонистон метапад»,-илова намуд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар мавриди зарурати лоиҳаи «CASA-1000» ва ҳамкориҳои таърихии Тоҷикистону Афғонистон вобаста ба Роҳи абрешим низ изҳори назар кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 40 шаҳрванди ҶИА, аз он 26 нафар дар зинаи донишҷӯӣ, 9 нафар дар зинаи магистрӣ ва 9 нафар дар зинаи докторӣ таҳсил мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






