Муҳаммад Ашраф Ғанӣ: «СASA-1000» Осиёро дубора васл кард

Май 10, 2016 18:04

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, баъди мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон дар назди хабарнигорони дохиливу хориҷӣ сарравал аз номи худаш ва мардуми афғон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, сипас барои дидгоҳе роҷеъ ба Афғонистон, ки як дидгоҳи боэътибор аст изҳори ташаккур кард ва ибрози бовар намуд, ки давлат ва миллати Афғонистон қоил хоҳад шуд, ки он субот, нифоъ ва ҳамкории минтақавиро ба вуҷуд биорад.

«Таҷрибаи шахси шумо ва нақше ки  дар интиқол аз ҷанг ва бар субот доштем, як нуқтаи умедворист. Ба боварӣ аз қувваи амниятиву дифоии Афғонистон ва пешрафтҳои асосии қувваи амниятӣ ва дифоӣ мо ҳам дар муқобила бо душманони мо ва душманони минтақа аз самими қалб ибрози итминон мекунем. Умед дорем, ки мову шумо манофеи муштараки минтақаро таъмин мекунем. Мо пуштибонии комил аз «СASA-1000»,  дорем ва умеде собит шуда бошад, ки аз рӯзе масъулияти умур ба ман шуд, тими Афғонистон тамоми мушкилотеро, ки дар пешорӯи «СASA-1000»,  вуҷуд дошт, аз байн бурд. «СASA-1000»  танҳо лоиҳа нест, рамз, намуна ва нишонаи иродаи мост. Осиёе, ки аз ҳам ҷудо шуда буд, «СASA-1000»  онро дубора васл кард. Низомҳои тавлиди энергетикӣ, ки танҳо дар чорчӯбаи миллӣ матраҳ мешуданд, ҳоло дар сатҳи минтақавӣ ҳал мешаванд. Умед аст, ки «СASA-1000», ки имрӯз  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба он шомиланд,  боз дигар кишварҳоро низ бо ҳам васл мекунад, то як сутуни сартосарӣ ба вуҷуд биёяд ва мо битавонем аз манобеи саршор ва қудрати азими тавлиди энергетикӣ, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, барои тамоми минтақа истифода барем. Ин як қадами бузург аст ва ҳамкории мо зиёдтару наздиктар хоҳад шуд. Мо зарфиятҳои бузургеро, ки имрӯз вуҷуд доранд, ба сурати муштарак баррасӣ ва инкишоф хоҳем дод»-, изҳор намуд Ашраф Ғанӣ.

Ба ақидаи Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тиҷорат ба касе зарар намерасонад ва ҳар қадаре муносибати иқтисодӣ васеътар мешавад, паймони эътибор ҳам зиёдтар мешавад. Ашраф Ғанӣ   дар бораи Роҳи бузурги Абрешим сухан гуфта, эҳёи онро як қадами бунёдӣ номид.

«Дунёи ислом имрӯз дар ҳоли тағйири бузург аст ва ба хатарҳои бузург мувоҷеҳ аст. Терроризм на миллатро  мешиносаду на дину сарҳадро, ин як хатари муштарак аст ва мо дар Афғонистон дар сафи аввали муқобила қарор дорем ва ҳаракату иродаи мо бар зидди ин падидаи шум ва маҳви он ҳамаҷониба аст. Аммо  ин падида бидуни посбурду сарҳад аст ва ба ҳамкории минтақавӣ зарурат дорад. Умеди мо ин аст, ки ҳамаи минтақа ба ин натиҷа бирасем, ки давлатҳо дар ин ҷода ҳам масъулият ва ҳам ҳуқуқ доранд»,- илова намуд Ашраф Ғанӣ.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ниҳояти суханронӣ ҳамкории Афғонистону Тоҷикистонро бе ҳадду ҳудуд номид ва иттилоъ дод, ки фардо таҷрибаи бисёр муваффақонаи Пешвои тоҷикон, ки зиёда аз 100 гектар заминро ба бӯстонҳои зебову беканор табдил додааст, бо чашми худ бубинад. Масале, ки миёни мардум маъмул аст: «бо рафту омад муҳаббат зиёдтар мешавад»-ро мисол оварда, изҳори умед намуд, ки муҳаббате ки байни ду миллат аз собиқ вуҷуд дошт, рӯз то рӯз таҳкими зиёдтар дошта бошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Май 10, 2016 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид