Муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар набояд бетараф бошанд
Душанбе, 05.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз он ки муҳоҷирон дар хориҷи кишвар қарор доранд, бояд нисбат ба равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар бетараф набошанд ва дар чорабиниҳои муҳими давлат фаъолона ширкат варзида, мавқеи шаҳрвандии худро бо масъулияти том муайян созанд. Ин нукта зимни силсилавохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ таъкид шуд.
Тавре ки котиби матбуотии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ Ховар хабар дод, Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон баргузор мегардад, дар манотиқи гуногуни Федератсияи Русия вохӯриҳо доир менамоянд.
4 май дар маркази тиҷоратии «Москва»-и шаҳри Маскав кормандони Намояндагӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони Сафорати ҶТ бо гурӯҳи сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муваққатан дар ин марказ фаъолият доранд, мулоқот анҷом доданд. Дар вохӯрӣ ба ҳамватанон оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд,- зикр намуд И.Аҳмадов.
Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Зоҳир Мирзозода зикр намуд, ки раванди инкишофи ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус рушду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ такмили пайвастаи меъёрҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла меъёрҳои Конститутсияро тақозо мекунад.
Дар навбати худ мукаммалгардонии ҳам Конститутсия ва ҳам қонунгузорӣ барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуда, чунин тадбирҳои муҳим баҳри мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи воқеӣ мегузорад,- гуфт Зоҳир Мирзозода ба муҳоҷирон.
Маркази тиҷоратии Москва яке аз калонтарин марказҳои тиҷоративу хизматрасонии Маскав ба шумор рафта, дар он беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони мо фаъолият менамояд.
Дар вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ ҳамчунин вобаста ба талаботи қонунгузории ФР оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ маълумот дода, дар самти пешгирии ҳолатҳои пайвастани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз роҳбарони бригадаҳо ва муҳоҷирони фаъол даъват ба амал оварданд, ки дар ин самт масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳоро Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар манотиқи дигари Русия низ бо ҷалби шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор менамояд.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






