Муаллифи беҳтарин тарҳи ангоравиро 25 000 сомонӣ интизор аст
Душанбе, 25.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон менамояд.
Дар озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Муаллифони тарҳи ангоравӣ бояд дар лоиҳаи пешниҳоднамудаи худ ба озмун даромадгоҳи асосӣ аз қисмати кӯчаи Н.Қарабоев, бо бартарафсозии марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер» ва биноҳои атрофи он, васеътар банақшагирии масоҳати майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи «Дӯстии халқҳо» -ро пешбинӣ намоянд. Инчунин ҷойгиркунонии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» ва инфрасохтори онро ба инобат гиранд. Инфрасохтори боғ аз минтақаи истироҳату фароғати кӯдакон ва калонсолон бо инобати истифодаи табиати маҳал, шаклҳои хурди меъморӣ, нуқтаю дӯкончаҳо, аттраксионҳо, майдончаҳои бозии кӯдакон ва варзишии наврасон, аквапарк, чойхона, гӯшаи фарҳангӣ ва намунавии ёдгории меъморӣ бо истифода аз санъати меъмории Самарқанду девори Бухоро, бо ҷойгиронии растаҳои хурди ҳунарҳои мардумӣ, гулгашт ва ҳавзҳои шиноварӣ иборат аст .
Озмун дар як давра гузаронида шуда, то 23 июл идома меёбад. Муаллифи беҳтарин лоиҳаи ангоравиро 25 000 сомонӣ интизор аст.








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






