Мубориза бар зидди малах бо усули нав роҳандозӣ мешавад
Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрели соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» ба Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» табдил дода шуд. Ба иттилои сардори ин ниҳод Қиёмудин Ғаниев вобаста ба муҳлати воридшавии техникаву технология ҳайати хизматрасон аз 119 то 150 нафар зиёд карда мешавад. Корхона минбаъд усулҳои ҳозиразамони корбариро истифода намуда, мубориза бар зидди малахро хубтар ба роҳ мемонад.
Бояд гуфт, ки соли равон майдони паҳнгаштаи малах 34 ҳазору 53 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар масоҳати 24 ҳазору 251 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Барои мубориза бар зидди малах ҳамарӯза 36 адад трактори дорупошиву дастгоҳи аэрозолӣ ва 520 адад дорупошаки дастиву моторӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2015 ба андозаи 176 адад зиёд мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 намуди малах мавҷуд аст, ки 2 намуди он хеле хавфнок ва галагӣ буда, имрӯз зиёда аз 700 нафар коргарони мавсимӣ барои мубориза бо он сафарбар шудаанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






