Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Май 12, 2016 17:46

Душанбе, 12.05.2016, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ кард, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои иштироки фаъоли ҷониби Афғонистон дар расми мавриди татбиқ қарор додани тарҳи КАСА-1000 изҳори сипосу минатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои саҳмгузории муштарак дар дигар тарҳу лоиҳаи бузурги энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва транзитӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба раванди таҳкиму сулҳу субот дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва вазъияти марзи байнидавлатӣ табодули афкор карда зарурияти таҳкими ҳамкории сохторҳои марбутаи ду кишварро дар ин самт махсус таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории сатҳи баланд ба роҳ монда шуда дар оянда низ ҳарду кишвар дар ин самт мавқеи ягонаи худро нигоҳ хоҳанд дошт.

Зимни мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкории байниҳукумати дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассиони соҳаҳои гуногун барои ҷониби Афғонистон ва дигар мавзуҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Май 12, 2016 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд