Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ

Май 15, 2016 20:30

Ал-Қувайт, 15.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ал Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот кард.

Зимни мулоқот масоили марбут ба идомаи манфиатбахши ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, суҳбату музокироти сатҳи олии ду ҷониб ва санадҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ду сафари қаблӣ ва сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидаанд заминаи созандаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъмин карда, барои фарогирии доираи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ имконияти васеъ фароҳам овардааст.

Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.

Ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуданд.

 

Май 15, 2016 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд