Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Халил Иброҳим Акча
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили ҳамкории байниҳукуматии кишварҳои аъзои созмон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои ин муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои энергетика, иқтисоду тиҷорат ва нақлиётро муҳокима карда, дар шароити кунунӣ рушду тавсеаи муносибатҳоро дар ин соҳаҳо барои кулли кишварҳои аъзои созмон муҳим арзёбӣ намуданд.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон дар минтақа аз кишварҳои авлавиятдоштаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шумор рафта, дар ҳама чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни он фаъолона иштирок менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






