Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа

Май 24, 2016 20:09

Душанбе, 24.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мулоқот кард.

Бо таъкиди муҳимияти нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки мақоми  Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шароити ниҳоят мураккаби авзои ҷаҳон, хусусан дар шароите, ки ҷиноятҳои марбут ба алоқа ва интернет афзоиш меёбанд, бояд боз ҳам баланд бардошта шуда, робитаю ҳамкории соҳавӣ тақвият бахшида шаванд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи алоқаву технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва фаъолгардонии кори Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа табодули афкори судманд баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки қарорҳои Шўрои роҳбарони сохторҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки ин навбат дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар оянда ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешрафти ин соҳаи муҳим дар кишварҳои аъзои Иттиҳод мусоидат менамояд.

 

Май 24, 2016 20:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд