Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт

Май 15, 2016 20:52

Ал-Қувайт, 15.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидронэргетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.

Ҳамчунин дар мулоқот масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию асалпарварӣ , содироти меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии босафои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо назардошти имконоти бузург ва таҷрибаи беҳамтои Давлати Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида, дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ хоҳанд гашт.

Май 15, 2016 20:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд