Мулоқоти сафир бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Май 12, 2016 14:48

Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Риёз ва Мадинаи Мунаввара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни донишгоҳҳо ва теъдоде аз муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сафир доир ба пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир сухан гуфта, ҳозиринро бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи оянда, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд, шинос кард.

 

 

 
Косими донишчуён1Зимнан атрофи моҳияти маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Ҳамзамон ҳозирин бо маводи вобаста ба раъйпурсӣ шинос карда шуданд.
Даъват карда шуд, ки рӯзи 22 май барои овоздиҳӣ ба участкаҳои раъйпурсӣ омодашуда биёянд ва дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъол намоянд.
Зимни суҳбати озод ҳозирин ба диққати бештар додан ба омӯхтани касбу ҳунарҳо ва илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав, канорагирӣ намудан аз алоқамандӣ ба ҳар гуна равандҳои ифротию тундгароӣ, риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва кишвари иқомат, бо рафтору одоби шоиста муаррифӣ намудани мардуми тоҷик ва фарҳангу тамаддуни он, ҳамчунин таҳким бахшидан ба робитаҳои худ бо сафорат роҳнамоӣ карда шуданд.

Май 12, 2016 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид