Мусобиқаи шиноварӣ

Май 20, 2016 16:21

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» 19 майи соли 2016 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи  20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи кушод оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он 68 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 намуд- усулҳои тарзи озод, брасс, тахтапушт ва эстафета дар масофаи 50 метр гузаронида шуд.
Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
«Мақсади мусобиқа-ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш, тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мебошад», — иброз дошт Бахтёр Исматҷонов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд.

Май 20, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид