Нақши занони кишвар дар истиқрори Ваҳдати миллӣ
Хоруғ, 5.05. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 19-солагии Ваҳдати миллӣ дар чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Конфронс бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ шуд, ки дар он намояндагони бонувони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбею Хоруғ ва навоҳии ВМКБ ширкат варзиданд. Қабл аз оғози ҳамоиш намоиши ҳунарҳои дастии бонувон, бо шумули гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, бофандагию ресандагӣ доир гашт.
Баъди тамошои намоиши дастовардҳои бонувон дар замони истиқлол конфронс ба кори худ шуруъ кард. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Қосимзода Идигул Тағо фаъолзанони кишварро бо ин ҷашни муҳим ва тақдирсоз табрик карда, изҳор намуд, ки дар фароҳам овардани имзои шартномаи сулҳи тоҷикон занон низ саҳми арзишманд гузоштанд. Бонувон аз нахустин рӯзҳои шурӯи гуфтугӯ миёни тарафҳо дар паҳлуи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буданд ва бо дастуру супоришҳояш амал намуда, барои ҳарчӣ зудтар ба канори ҳам омадани тоҷикон аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон медоданд.
Дар конфронс ҳамчунин маърӯзаҳо дар мавзӯи «Ваҳдат мароми мост», «Мо, модарон тарафдори сулҳем», «Таҳаммулпазирии бонувони тоҷик», «Симои занони Шарқ дар осори адибони форсу тоҷик» ва амсоли инҳо ироа шуданд ва иштирокдорон оид ба аҳамияти сулҳи тоҷикон барои кишвар ва минтақа мубодилаи афкон намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






