“Набзи ҷавонон”-маҳфили мубоҳисавӣ-сиёсӣ дар Суғд
Душанбе, 06.05.2016./АМИТ«Ховар»/. “Набзи ҷавонон”- чунин ном дорад маҳфили мубоҳисавӣ — сиёсие, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таъсис ёфтааст. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ғурури миллии ҷавонон ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ аз ҳадафҳои аслии маҳфил ба ҳисоб рафта, он минбаъд моҳе ду маротиба баргузор гардида, асосан ҷавононро фаро мегирад.
— Фирдавс Ҳоҷиев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд зикр намуд, ки вазъи кунунии ҷаҳон, махсусан густариши терроризм ва экстремизм аз ҷавонон ҳушёрии сиёсиро тақозо дорад. Дар баробари зиракӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу суннатӣ низ зарур аст ва ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тарғиби идеяҳои мухолиф ба арзишҳои миллӣ аз тарафи хоинони миллат, парастиши радикализми динӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротӣ ба сохти конститутсионӣ пайомадҳои хатарнок дорад”.
Бо дарки ҳамин маънӣ маҳфили “Набзи ҷавонон” мубориза ва пешгирии зуҳуроти номатлуби асрро рисолати худ қарор додааст. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм таҳким бахшидани амнияти иттилоотӣ аст. Ташкилкунандагони маҳфил барои амалӣ кардани ин иқдом барномаҳои мушаххас дар даст доранд ва аз тариқи баргузории маҳфилҳо ин ғояҳоро ба ҷавонон талқин хоҳанд кард,- афзуд Ф. Ҳоҷиев.
Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






