Намоиш ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар «Кохи Борбад»
Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5, 6 ва 7 майи соли равон дар маҷмааи «Кохи Борбад» намоиш ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи даври ҷамъбастии лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2016» бо ибтикори ҶДММ «Оила» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкур ҳудуди 30 корхонаву ташкилотҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ ва берун аз кишварро ба ҳам гирд меорад. Иштирокдорон маҳсулоти босифатро бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардонанд. Агентии рекламавии «Тайрон» аз ташаббускорони асосии ин намоишгоҳ ҳисобида мешавад. Масъулини он мегӯянд, ки дар ин намоиш-фурӯш, пеш аз ҳама, корхонаи маҳсулоти ширии «Файзи Расул», «Афзали Суғд», «Комбинати шири Душанбе», «Интермаркет», ширкати сохтмонии «Авитсенна», корхонаи истеҳсоли тухму гӯшти «Мурғи Ҳилол», маҳсулоти гӯштии «Покиза», «Қолинҳои Қайроққум», «Аҳмад-чой», «Яхмоси 33» «Саидтекстил» ва дигарон ширкат менамоянд.
Иштирокдорон маҳсулоти ширӣ, ҷурғоту шир, чолобу қаймоқ, паниру кефир, яхмосу творог, маҳсулоти гӯштӣ: ҳасибҳои буғиву дуддодашуда, тухму гӯшти мурғ, маҳсулоти қаннодӣ: кулчаҳои қандин, орду макарон, вафлӣ, маҳсулоти консервашуда: равғани растанӣ, меваи хушк, чойи хушку нӯшокиҳои ташнагишикан, молҳо барои хона: қолину гилемчаҳо, маҳсулоти сохтмонӣ, қандилҳо ва дигар маҳсулотро ба мизоҷон бо нархи арзон пешниҳод мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






