Намоишгоҳи байналмилалии «Маҷмўи бехатарӣ- 2016» дар Маскав

Май 18, 2016 16:27

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи IX байналмилалии таҷҳизоти бехатарӣ « Маҷмўи бехатарӣ- 2016 » 17 май дар шаҳри Маскав  ба кори худ шурўъ кард.
Дар кори он  раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд.
Дар доираи намоишгоҳи махсус, Р.Назарзода бо Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ  В.Кувшинов вохўрд. Инчунин раиси КҲФ ва МГ бо  сардори Академияи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия П.Баришев ва бо  шунавандагони Академия, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ барои  омӯзиш равона карда шудаанд, мулоқот намуд.
Ҳамчунин Р.Назарзода дар машқҳои намоишӣ, ки дар доираи омӯзиши Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти бехатарӣ «Маҷмўи бехатарӣ — 2016»  баргузор шуданд, иштирок намуд.
Имрӯз, 18 май раиси Кумита бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия В.Пучков  вохӯрд.

Май 18, 2016 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад