Намоишгоҳи молҳои саноатии музофоти Нинся

Май 26, 2016 16:48

Душанбе, 26.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Чин ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш афзудааст. Дар ин росто 26 май дар маҷмааи  давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе намоишгоҳи тиҷоратию сармоягузории музофоти  Нинсяи Ҷумҳурии мардумии Чин оғоз ёфт, ки муддати се рӯз идома меёбад.
Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр кард, ки   баргузории намоишгоҳи  музофоти Нинсяи Чин дар Душанбе дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки гардиши мол байни ду кишвари ҳамҷавор дар соли гузашта  793 миллион долларро ташкил дода,  аз он  29 миллион доллар ба содирот ва 763 миллион доллар ба воридот рост меояд. Дар ин росто Чин дар сегонаи шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон  зинаи аввалро касб менамояд. Ва ду кишвар- Тоҷикистон ва Чин тасмим гирифтаанд, ки мубодилаи молро дар зарфи  солҳои оянда  ба 3 миллиард доллар расонанд. Доираҳои соҳибкории Чин дар  рушди башхҳои иқтисодии Тоҷикистон фаъол буда, имруз дар кишварамон соҳае нест, ки дар он соҳибкорони чинӣ ҳузур надошта бошанд.
Дар  намоишгоҳи тиҷоратию сармоягузории музофоти Нинсяи  Чин ҳудуди 50 ширкати ин музофот молу маҳсулоти худро, ки аз техникаи кишоварзӣ, саноати сабук- нассоҷӣ, либос, техникаи маишӣ, хӯрокворӣ, ҷавоҳирот ва дигар молҳо иборат аст,  ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ҳукумати  музофоти  Нинсяи Чин аз созмонмондиҳандагони асосии намоишгоҳ маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳ  ҳамоиши доираҳои  тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардида, масоили марбут ба рушди  ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ матраҳ мегарданд.

Май 26, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд