Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба фаъолияти Суди конститутсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд

Май 24, 2016 16:04

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 майи соли 2016 раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода гурўҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки ҷиҳати мушоҳидаи ошкорои рафти баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохўрӣ раиси Суди конститутсионӣ оид ба муҳимияти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия изҳори назар карда, иброз намуд, ки тибқи муқаррароти қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон» ва «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Суди конститутсионӣ масъалаи муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсия мансуб мебошад.
Бо назардошти ин салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ то эълон гардидани раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ дар асоси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва бо қарори Суди конститутсионӣ  лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ба Конститутсия мутобиқ дониста шуданд.
Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Суди конститутсионӣ, ки ба таъмини волоияти қонун ва амали бевоситаи Конститутсия нигаронида шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Май 24, 2016 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд