Назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Хатлон

Май 13, 2016 15:34

Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро дар қаламравӣ вилоят пурра ба роҳ мондаанд.
Кормандони раёсат давоми моҳи апрел дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб, инчунин 3 иншооте, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд, 2 амалиёти фаврӣ-пешгирикунанда гузарониданд. Бино ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Аҳлиддин Маликов дар амалиёт дар ноҳияи Дӯстӣ маълум гардид, ки ҶДММ «Чжунтай Хатлон син-силу» дорои иҷозатнома барои ҷалби 200 нафар мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ҳангоми санҷиши субъекти хоҷагидори номбурда маълум гашт, ки дар айни замон 35 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 77 шаҳрванди дохилӣ ба корҳои мавсимиву доимӣ ҷалб карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои 35 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шуда, ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ надодаанд ва бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда гузаронида шуданд. Санҷиши мазкур дар ноҳияи Восеъ низ гузаронида шуд.
Ҳамчунин шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар давоми моҳи апрел чандин санҷишҳо гузаронид. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз тарафи кормандони масъули шуъба 1 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардида, нисбат ба 1 шаҳрванди хориҷӣ бо моддаи 138 қисми 3 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд. Аз ҳисоби тартиб додани санади маъмурӣ 800 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардид.
Чунин ҳуқуқвайронкунӣ дар фурудгоҳи Қурғонтеппа низ ба қайд гирифта шуд.

Май 13, 2016 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад