Оғози маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон

Май 22, 2016 06:04

Душанбе, 22.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 май соати 6-и субҳ дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ зиёда аз 4 миллион бюллетени овоздиҳӣ чоп карда шудааст. Овоздиҳӣ, мувофиқи қонунгузории кишвар соати 6-и субҳ шурӯъ гардид. Участкаҳои раъйпурсӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20-и шом баста мешаванд.

Дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷӣ низ 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Уфа 3 участкаи раъйпурсӣ кушода шуданд. Ҷараёни раъйпурсиро зиёда аз 120 мушоҳиди байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида мекунанд.

Натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ 23 май, соати 10:00 мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.

 

Май 22, 2016 06:04

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд