Ғолибони озмуни «Донишҷӯи сол» муайян шуданд
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ибтикори факултети муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи ҷавонон ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии донишгоҳ даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол» баргузор гардид.
Ба иттилои декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холаҳмад Самиев, озмуни «Донишҷӯи сол» аз рӯи 7 бахш ба роҳ монда шуда, дар ҳар як бахш ғолиб муайян карда шуд ва дар бахши «Беҳтарин тарғибгари тарзи ҳаёти солим» донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи русии бахши минтақашиносии факулта Абдурабӣ Рабизода бо пешниҳоди филми кӯтоҳҳаҷм бо номи «Сарнавишти ҷавони гумроҳ» ғолиби озмун гардид.
Хамчунин Акбар Мухторов, Аҳмад Муртазоев, Раҷабмоҳ Назарова ва Гуларус Шоева ғолиб дониста шуданд.
Мақсади баргузории озмуни «Донишҷӯи сол» ин дарёфти истеъдодҳои беҳтарин ва ҷалби онҳо ба корҳои илмию ҷамъиятӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






