«Ҷомеаи солим- аз оилаи солим»-чорабинии фарҳангӣ- маърифатӣ дар ДТТ

Май 14, 2016 12:31

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила, инчунин пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва никоҳи хешовандӣ имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ чорабинии маърифатӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷомеаи солим- аз оилаи солим» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавӣ ва зиёии пойтахт иштирок намуд,а аз ҳаёту зиндагӣ ва устувор мондани оилаи худ ба донишҷӯён қисса намуданд ва онҳоро дар оиладорӣ ба ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром намудани тарафайн даъват карданд.
Ашӯр Ашӯров, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иброз дошт, ки масъалаи муҳиме, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад, зеро ҳамасола шумораи ин гуна оилаҳо дар афзоиш буда, зарари манфии худро ба ҷомеа мерасонанд.

Май 14, 2016 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд