Омодагӣ ба таҷлили 25-солагии истиқлолият дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе назаррас аст
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, корҳои созандагию ободкорӣ ҷараён доранд.
Дар ноҳия корҳои ободониву сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ба тартиб даровардани кӯчаву роҳравҳо ва ҳашарҳои умумишаҳриву ноҳиявӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, таъмири ҷории роҳҳо, пур кардани тарқишҳои роҳҳо бо мум ва қум, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар, шинонидани гули лола ва дигар корҳо ба ҷо оварда шуда, иқдоми мазкур то ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад.
Тавре мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадрасул Файзуллозода зикр кард: « Бо мақсади инъикоси табиати зебои диёр, таъриху тамаддун, расму оин, асолати худшиносии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав ба нав дар иншонависӣ, эҷодкорӣ ва луғатнигорӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ман тоҷикам!», «Ватани ман Тоҷикистон» ва озмуни рассомони ҷавон дар мавзӯи «Тоҷикистон- хонаи ободи ман!» ва чандин мавзӯъҳои дигар бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ба таври васеъ баргузор карда шуданд ва чунин силсилачорабиниҳо то 25- солагии истиқлолият идома хоҳанд ёфт».








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






