Ошкор гардидани 18 ҳазор диск бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ

Май 30, 2016 16:05

Душанбе, 30.052016./АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ кормандони  Хадамоти гумруки кишвар дар ҳудуди бозори «Корвон»-и пойтахт  мошини тамғаи «Опел»-ро, ки ба шаҳрванд М.Ғ тааллуқ дошт, боздошт намуданд. Аз дохили мошини мазкур 30 ҳазор  диски истифоданашуда ошкор карда шуд. Маълум гардид, ки шаҳрванд М. Ғ ҳамчун ронандаи мошини  кироя молҳои шаҳрвандонро аз шимоли кишвар ба пойтахт меовардааст.
30 ҳазор диски истифоданашуда ба соҳибмулк Т.Ғ,  тааллуқ дошта, мавсуф танҳо барои 12 ҳазор адад диск ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ пешниҳод карда тавонист. Соҳибмулк Т.Ғ иброз намуд, ки дискҳоро ҳангоми ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будан ба даст овардааст ва ба мақомоти  гумрук барои ихтиёран ба расмияти гумрукӣ даровардан бо аризаи расмӣ муроҷиат  намуд. Дафтари  матбуоти Хадамоти  гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  моли боздоштшуда ба расмияти гумрукӣ дароварда шуд.

Май 30, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид