Паҳлавони тоҷик Ҳамроз Раҷабов чемпиони Осиё оид ба самбо шуд!

Май 29, 2016 13:25

Душанбе, 29.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод медали тилло ба даст овард.

Ҳамроз Раҷабов дар рӯзи дувуми чемпионат, 28 май, дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гӯштингири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот, 27 май, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Нозила Каримова дар сабқати самбои варзишӣ миёни духтарон дар вазни то 56 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Валерия Сякова (Узбекистон) мақоми аввал ва Меҳрубон Қурбонова (Туркманистон) мақоми севумро соҳиб шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Дилбар Султонова дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 72 кило мақоми сеюмро соҳиб шуд. Нилуфар Давлатова (Узбекистон) ҳам ҷои сеюмро гирифт. Дар ин вазн Зере Бехтошқизӣ (Қазоқистон) дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Гавҳар Атдаева (Туркманистон) ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки  мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев  сардовари (рефери) ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ таъин шудааст. Ӯ раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад.

Чемпионати Осиё оид ба самбо, ки бори нахуст дар пойтахти Туркманистон доир шудааст,  санҷишест пеш аз Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд. Ба барномаи ин Бозиҳо самбо низ шомил шудааст.

Дар Чемпионати Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва занон, ки имрӯз, 29 май ба анҷом мерасад,  ҳудуди 400 варзишгар аз 17 кишвари қора ширкат доранд.

 

 

Май 29, 2016 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст