«Парчами миллӣ-ифтихори ман!»-ҳамоиш дар Кӯлоб

Май 21, 2016 11:57

Кӯлоб, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи нақша-чорабиниҳои 25 ҳафтаи иқдомҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Парчами миллӣ-ифтихори ман!» бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонон дар маркази шаҳри Кӯлоб ҳамоиш баргузор шуд.
Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд,  мақсад аз баргузории ҳамоиш ин эҳтиром нисбат ба Парчаму парчамдорӣ, ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҷавонон муҳофизи дастовардҳои 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Пас аз анҷоми ҳамоиш ҷавонон дар барномаи консертии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коллеҷи санъат»-и шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, ки дар Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ  Вализодаи шаҳри Кӯлоб доир  гардид, иштирок намуданд.

Май 21, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид