Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни ҳукуматҳои ҶТ ва ШАС-ро ба тасвиб мерасонад
Душанбе,10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро ба тасвиб расонад. Масъалаи мазкур 10 май дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон матраҳ гардид.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Баҳри Арал», Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II»-ро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом бархе аз масъалаҳо барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод карда шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






