Пешгирии фурӯши ҷуробу либосҳои кӯдаконаи беҳуҷҷат

Май 31, 2016 16:20

Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ Ховар/. Имрӯз, 31 март тахминан соатҳои 08:30 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб воситаи нақлиёти Опел Караван, рақами қайди давлатиаш 47-73 DD02, ки ба шаҳрванд А. Б. соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дахл дошт, боздошт карда шуд.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни муоина маълум гашт, ки дар дохил ва болои мошини мазкур 240 кг ҷуроб ва 246 кг либосҳои кӯдакона ҷойгир карда шуда, мавсуф онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намудааст.
Ҳангоми пурсуҷӯ соҳибмулк иброз дошт, ки мехоҳад бо хоҳиши худаш молҳои овардаашро ба расмияти гумрукӣ дароварда, ба фурӯш барорад.
Бо далели гуфтаҳои боло, дар асоси талаботи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, молҳои боздошташуда аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдор ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.

Май 31, 2016 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд