Пешвои миллат: «Марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба марзи субот, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил медиҳем»

Май 10, 2016 15:52

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин бора Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз вобаста ба натиҷаҳои сафари Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат баргузор гардид, изҳорот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар музокироти сатҳи олии роҳбарони ҳар ду кишвари дӯст мавзӯъҳои амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсӣ ба таври муфассал баррасӣ гардиданд. Дар ин ҷода талоши фаъол ва содиқонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ва шарикони онҳо дар чаҳорчӯби як стратегияи возеҳ ва ҳадафманд комилан зарур дониста шуда, таъкид гардид, ки равобити марзӣ, тақвият ва амнияти сарҳадот таъмин карда шавад.
Вобаста ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард: «Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки тавассути эҷоди шароити мусоид марзи ду кишварро ба марзи субот, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем».
Хотиррасон мешавем, ки субҳи имрӯз Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди мамлакат шуд.
Ҳоло сафари Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Май 10, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад