«Помирэнерҷӣ» 400 манзили сокинони Бадахшони Афғонистонро равшан кард

Май 31, 2016 14:33

Хоруғ 31.5.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Дар  канори бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон, ки дар маҳаллаи Тем воқеъ аст,маросими ифтитоҳи хатти нави интиқоли барқ ба яке аз деҳаҳои дурафтодаи вулусволии Шуғнони Афғонистон  мавсум ба Дишор баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони сарпарасти лоиҳаи мазкур  сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Бунёди Оғохон ва консулгарии ДИА дар Хоруғ, масъулини ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» ширкат доштанд.
Бо амалӣ шудани ин тарҳ бештар аз 400 хонаводаи   деҳоти Дишори вулусволии Шуғнони Афғонистон бори нахуст дар умри худ хонаашонро равшан диданд.
Як тан аз намояндагони вулусволӣ гуфт, ки мо ҳамеша бо як умеду орзу ба ин сӯи дарёи Панҷ ба деҳоти Тоҷикистон нигоҳ мекардем ва дар дил орзу доштем, ки замоне расаду мисли шумо аз неъмати барқ бархурдор шавем ва ҳоло бо кумаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва давлати Тоҷикистон  ин орзуи аҷдодони мо ҷомаи амал пӯшид.
Алъон аз неруи барқи ширкати «Помирэнерҷӣ» наздики  1200 хонаводаи вилояти Бадахшони Афғонистон истифода мебаранд.

Май 31, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд