Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. Имрўз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор шуданд. Натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ муҳимтарин самтҳои ҳамкории дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъйин менамоянд ва омили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар маҳсуб мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар он масоили вобаста ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар баррасӣ мешаванд, ба ҳайси ташаббускори аслӣ ва пешбарандаи мавзӯъҳои марбут ба ҳалли қазияи Афғонистон эътироф шудааст.
То имрўз байни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 80 санади ҳамкории дуҷониба, ки арсаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, тайи солҳои охир ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар бо тадриҷ зиёд шудааст. Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар 11 моҳи соли 2015 104,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 52,8 миллион доллар содирот ва 51,6 миллион доллар воридот мебошанд.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар назаррас буда, ҳамзамон панҷ пуле, ки байни Тоҷикистон ва Афғонистон фаъолият доранд, дар тавсеаи робитаҳо ва густариши тиҷорати дуҷониба нақши муҳим мебозанд. Татбиқи барномаҳои бузурги роҳҳои мошингард ва оҳан, лӯлаҳои об ва газ, хатҳои интиқоли барқ эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим гардида, нақши транзитӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии ду кишвари дӯстро ба сатҳи комилан нав мебароранд.
Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ аз лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ барои ин ду кишвар маҳсуб мешавад. Таъмини сулҳу субот дар тамоми қаламрави Афғонистон, ки омили аслии рушди ҳамсоякишвар мебошад, дар мадди назари сохторҳои дахлдори ду кишвар қарор дошта, дар самти муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва таҳкими сарҳад ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Афғонистон низ дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони ҳамсоякишвар ҳамасола 50 бурсияи давлатӣ ҷиҳати таҳсил ҷудо мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил доранд.













Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд






