Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ: «Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихист»
Душанбе, 25.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх мулоқот кард.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ аз мулоқоти судманду самимӣ бо Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, ба хабарнигорон иброз намуд, ки: «Ин мулоқот таҷассумгари равобити бародарона ва неки роҳбарияти олии ҳарду кишвар ва мардумони кишвар мебошад. Дар мулоқот оид ба натиҷаҳои музокирот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додам ва Ҷаноби олиро дар ҷараён гузоштам, ки имрӯз парламентҳои ҳарду кишвар ҷиҳати амалӣ сохтани тавофуқоти байни роҳбарияти ду кишвар ба амаломада талош меварзанд. Инчунин дар робита ба иҷрои созишномаҳои дуҷонибае, ки аллакай ба тасвиб расидаанд, иқдомҳои зарурӣ меандешанд, то онҳо батадриҷ амалӣ гарданд».
Доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх иброз намуд, ки дар бораи Пешвои миллати тоҷикон бисёр шунидааст ва Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияте, ки бо сабру талошҳои пайгиронаи худ кишвари Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ ва хатари нестшавӣ наҷот дода, ободу зебо гардонидааст, мешиносад. Ӯ аз он сарфароз аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ рӯ ба рӯ суҳбат кардааст.
«Таассуроти ман аз ин сафар нек ва олӣ аст. Ин сафар аз ду қисмат иборат аст. Қисмати аввал доир ба мардуми тоҷик аст, албатта, дар бораи мардуми тоҷик бисёр хондаму шунидаам, тоҷикон меҳмоннавоз ва хоксоранд. Он чизеро, ки имрӯз дидам, дар ҳақиқат ба хондаву шунидаам рост омад. Қисмати дуюми таассуротам аз шахсияти Ҷаноби олӣ аст. Мо Ҷаноби олиро ҳамчун шахси таърихӣ дарёфтем. Шахсияти бисёр олӣ ва муассир, инчунин маълумот гирифтем, ки он кас маълумоти сиёсии худро аз парламенгт оғоз намуда, фаъолият низ кардаанд. Аз ҳамин хотир оид ба фаъолияти парламент, масъалаҳои мубрами мардум ва минтақа огоҳ ҳастанд ва барои ҳалли онҳо кӯшиш кардаанд ва кӯшиш мекунанд»,- илова намуд Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ изҳори умед кард, ки муносибатҳои нек байни ду кишвар дар оянда таҳкиму густариши бештарро касб хоҳанд кард ва ин муносибатҳо на танҳо ба манфиати ду мардуму ду кишвар аст, балки ба нафъи тамоми кишварҳо равона шудааст. Ҳадафи ин муносибатҳо нек ва амалӣ намудани сулҳу истиқрор дар тамоми ҷаҳон аст.








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






