Рассоми халқии СССР ва Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов аз олам даргузашт

Май 11, 2016 11:59

Рассоми халқии СССР ва Тоҷикистон Сӯҳроб Усмонович Қурбонов шоми 10 май дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба гуфтаи наздикони марҳум, 9 май бо бемории шадиди қалб дар бемористон бистарӣ шуда буд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе доир мегардад.
Сӯҳроб Қурбонов соли 1946 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омада, Омӯзишгоҳи бадеии ба номи М.Олимови шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии бадеии ба номи В.Сурикови Маскавро хатм кардааст.
Марҳум ба ҳайси раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон ва котиби Раёсати Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда, соли 1989 вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуда буд.
С. Қурбонов муаллифи нишон, рамзу нигораҳо, дорандаи ҷоизаҳои сершумори давлатӣ ва ордену медалҳои ҷумҳурӣ буда, толори мусаввараҳои нахустин дар Тоҷикистон «Арт-галереяи Сӯҳроб»-ро дар Душанбе таъсис додааст.

Май 11, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд