Равобити гурӯҳҳои дӯстӣ қавитар мегарданд

Май 24, 2016 13:51

Душанбе, 24.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии  Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Аббосалӣ Карим- оғлу Гасанов   мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Ҳилолбӣ  Қурбонзода  иброз намуд, ки  бо таъйин шудан ба  симмати Сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ  Карим-оғлу Гасанов  раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб намуд.
Раиси  кумитаи Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад  ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари қонуниву ҳуқуқиро барои густариши муносиботи дуҷониба фароҳам биёрад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ба ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад.  Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кумак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон  санадҳои  зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкории гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
Сафрири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Аббосалӣ Карим-оғлу Гасанов изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафири кишвараш дар Душанбе аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкории мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот ҳарду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.

Май 24, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд