Роҳпаймоии ҷавонон дар ноҳияи Деваштич
Деваштич, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич оид ба раъйпурсии умумихалқӣ роҳпаймоии ҷавонон доир гардид. Дар роҳпаймоӣ аъзоёни НТҶҶ Созандагони Ватан ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.
Роҳпаймоӣ бо мақсади ҷонибдорӣ аз раъйпурсии умумихалқӣ доир гашта, дар он беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон, сокинон, собиқадорону фаъолон аз тамоми ташкилоту муассисаҳо бо мақсади тарафдор будан ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешбинигардида, тавсияву тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва боло рафтани авзои иқтисодию иҷтимоии онро инъикос намуда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон мебошад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






