«Рушди ҳамкорӣ 2016» бо туҳфаҳои арзишнок оғоз шуд!
Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози иқдоми «Рушди ҳамкорӣ -2016»-ро эълон медорад. Мизоҷони интиқоли пулӣ, ки аз низомҳои байналхалқӣ истифода мебаранд ва дар ин иқдом ширкат меварзанд, метавонанд имконияти хуб ба даст оварда, соҳиби яке аз се мошини тамғаи «Мерседес Бенс Е класс» ва мукофотҳои пулӣ аз 5000 то 10000 сомонӣ гарданд.
Иштирок дар иқдом ройгон буда, он се минтақаро фаро мегирад: ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобъи марказ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон.
«Рушди ҳамкорӣ 2016» аз 1 июни соли равон то 30 сентябр идома ёфта, дар охири ҳар моҳ натиҷабардорӣ карда мешавад. Туҳфаҳои асосӣ, яъне мошинҳои «Мерседес» моҳи октябр бурд шуда, соҳибони толеъбаланди худро дарёфт хоҳанд кард.
Инчунин барои иштирокдорони фаъоли иқдом низ туҳфаҳои пулӣ пешбинӣ карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст «Бонки Эсхата» барои мизоҷонаш имконияти бурди туҳфаҳои арзишнок ва пулиро пешкаш медорад.
То ба имрӯз 6 нафар мизоҷони толеъбаланди «Бонки Эсхата» соҳиби мошинҳо ва 70 нафар соҳиби дигар туҳфаҳои арзишнок гаштаанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






